Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.
Author: Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.
Author: Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин
Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.
Author: Абдурраҳмон Раъфат Бошо
Translators: Абдулҳалим Ъорифи
Publisher: Муассисаи Вақфи Исломи
Дар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Author: Муҳаммад Алминшови
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин